Дар ин бора Раҳим Саидзода вазири маориф ва илми Тоҷикистон ҳаштуми октябр дар назди вакилони порлумон ҳисобот дод.
Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумон ин ҳафта тағйирот ба қонун дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакро тасвиб кард, ки тартиби баргардонидани кӯдакон аз хориҷи кишварро пешбинӣ менамояд. Мақомоти Тоҷикистон ин санадро нашр накарда, тартиби нави салоҳияти Ҳукумат барои бозгардонидани кӯдакон аз хориҷро мушаххас менамояд.
Вазири маориф дар ҳузури вакилон гуфт, “қонунгузории мавҷуда тартиби дақиқ ва мушаххаси баргардондани чунин кӯдакон ва расонидани хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ ба онҳоро пешбинӣ накардааст”.
Бозгардондании кӯдакон ва занони тоҷик аз минтақаҳои ҷангзадаи Ховари Миёна солҳои 2019-2024 анҷом шуд.
Аз замони пайдо шудани ДОИШ дар соли 2013 зиёда аз 2000 шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафта, аксари онҳо зану фарзандонашонро ҳам бо худ бурдаанд.
Асосӣ Хабари рӯз Саидзода: 295 кӯдак аз минтақаҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия ба ватан баргардонида шудаанд

Саидзода: 295 кӯдак аз минтақаҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия ба ватан баргардонида шудаанд
Блоки рекламавӣ


