Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар деҳаи Некнот маҷмааи фарҳангӣ, сайёҳӣ ва ҳунаромӯзиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Иншооти мазкур бо саҳми бародарон Ансориҳо — соҳибкор Мамнунхон Ансорӣ ва вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Муаззамхон Ансорӣ бунёд гардида, ҳадаф аз таъсиси он саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Зимни шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти маҷмаа иттилоъ дода шуд, ки дар ошёнаи якуми он маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили дӯзандагӣ ташкил гардида, 10 нафар занону духтарони бешуғл ба омӯзиши касбу ҳунар ҷалб шудаанд. Дар ошёнаи дуюм китобхона бо адабиёти гуногун ба забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ фаъолият дорад, ки барои сайёҳон ва меҳмонон имкони шиносоӣ бо таъриху фарҳанги миллати тоҷикро фароҳам меорад. Дар ошёнаи сеюм бошад, меҳмонхона бо 14 ҷой барои қабули меҳмонон омода гардидааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҳамчунин бо фаъолияти Осорхонаи Файзулло Ансорӣ шинос шуд. Осорхона ба ҳаёту эҷоди шоир ва драманависи маъруфи тоҷик Файзулло Ансорӣ бахшида шуда, барои ҳар меҳмон манбаи муфиди ошноӣ бо фарҳанги гузашта ва шахсиятҳои маъруф мебошад. Пайвандони шоир идомадиҳандаи кори неки ӯ буда, дар ободонии диёр саҳми назаррас доранд.
Зимни боздид аз Маркази саломатии деҳаи Некнот маълум гардид, ки корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд. Иншооти соҳаи тандурустӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шуда, фармоишгари он шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Панҷакент ва пудратчӣ ҶСК “Асл” мебошанд.

Саховатмандии фарзандони шоири маъруф Файзулло Ансорӣ
Блоки рекламавӣ


