Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон изҳор дошт, ки намояндагии кишвар дар Кобул ба сатҳи сафорат боло бурда шуд, ки пас аз он кормандони сафорат барои густариши муносибатҳо ва ҳамкорӣ бо режими “Толибон” ( мамнуъ дар Тоҷикистон) кор мекунанд.
“Пас аз тасмиме, ки ҳангоми сафари ахири вазири корҳои хориҷии Афғонистон ба Ҳиндустон эълон шуд, ҳукумати Ҳиндустон бо таъсири фаврӣ мақоми миссияи техникии худро дар Кобул ба сатҳи сафорат боло мебарад. Ин қарор азми Ҳиндустонро барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн инъикос мекунад.»
Дар изҳорот таъкид шудааст, ки сафорати Ҳиндустон дар Кобул дар дастгирии барномаҳои рушд, кумаки башардӯстона ва лоиҳаҳои тавонмандсозӣ дар Афғонистон нақши муҳим хоҳад бозид.
Ҳиндустон кормандони сафорати худро пас аз суқути ҳукумати собиқи Афғонистон дар соли 2021 ва забти Кобул берун овард. Бо вуҷуди ин, вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон фаъолияти маҳдуди дипломатиро дар тобистони соли 2022 бо фиристодани “дастаи техникӣ” аз сар гирифт ва акнун миссия ба сатҳи пурраи сафоратхона баргашт.

Сафорати Ҳиндустон дар Кобул дубора боз шуд
Блоки рекламавӣ


