Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар вилояти Самарқанд бо раванди сохтмони роҳи оҳани Самарқанд — Ургут, ки як шохааш ба шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон мепайвандад, шинос шуд. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ доданд.
Ҳоло сохтмони роҳи оҳан 200 метр дуртар аз сарҳади Ҷонбой — Саразм гузашта, ба ҷониби Ургут меравад. Роҳсозони узбек аз 55 километри роҳ 38 километри онро сохта, ба анҷом расониданд ва то охири моҳ роҳ то Ургут пурра ба истифода дода мешавад.
Сохтмончиён дастур гирифтаанд, ки дар асоси Протоколи байниҳукуматӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон се километр роҳро аз Ҷонбой то масофае, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз сарҳад дар дохили Панҷакент муқаррар мекунад, бунёд намоянд.
Ин масъала ҳамзамон дар мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев баррасӣ гардид. Мусоҳибон зимни мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро байни вилоятҳои марзии Суғд ва Самарқанд баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон дар мулоқот масъалаи марбут ба сафари ҳунарии санъаткорони вилояти Самарқанд ба шаҳри Душанбе дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев пешниҳодҳои Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзодаро бо хушнудӣ пазируфт.