Сафири махсуси президенти Амрико Стив Уиткофф ва Кирилл Дмитриев ба боғи “Зарядйе” дар Маскав ташриф оварданд, гуфт ба хабаргузории “РИА Новости” манбаи наздик ба музокирот.
Чанде пеш аз ин хабарнигори оҷонсӣ хабар дод, ҳавопаймое, ки дипломат дар он парвоз мекард, ба фурудгоҳи “Внуково” фуруд омад.
Рӯзи гузашта хабаргузории “Reuters” бо истинод ба манбаъ хабар дод, ки Уиткофф ният дорад бо роҳбарияти кишвар мулоқот кунад.
Намояндаи расмии Департаменти Давлатии Амрико Тэмми Брюс сафари дипломатро ба Русия тасдиқ кард, аммо аз шарҳи ҷузъиёт худдорӣ намуд. Ба гуфтаи вай, онҳо намедонанд, ки Доналд Трамп аз натиҷаи сафар чӣ хулоса мебарорад. Вай танҳо гуфт, раиси “Кохи Сафед” ба ҳалли дипломатии низоъ дар Украина бовар дорад.
Ин панҷумин сафари фиристодаи махсуси Трамп ба Русия аз аввали сол аст. Ду маротибаи охир ӯ 11 ва 25 апрел ба ин кишвар омада, бо Владимир Путин мулоқот кардааст.
Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 14 июл ба Русия ультиматуми панҷоҳрӯза пешниҳод кард, ки бо Киев созишномаи сулҳ банданд. Баъдтар вай изҳор дошт, ки ин мӯҳлатро то 10-12 рӯз коҳиш медиҳад.
Дар сурати иҷро нашудани ин ултиматум, Трамп таҳдид кард, ки тарифҳои 100-фоизӣ барои воридоти мол аз Русия, инчунин боҷҳои дуюмдараҷаро нисбати кишварҳое, ки аз он нафт, газ ва барқро мехаранд, ҷорӣ мекунад.