Имрӯз раиси шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Абдухолиқ Холиқзода сафири фавқуллода ва мухтори давлати Фаронса дар Тоҷикистон хонум Элза Пинёлро, ки барои боздид ба Панҷакент омадааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар сӯҳбат ҷонибҳо қаноатмандиашонро аз ҳамкории дарозмуддати ҷониби Тоҷикистон бо доираҳои илмии Фаронса дар ҳафриёт ва таҳқиқи бостоншаҳри Саразм, ки аз солҳои 80-уми асри гузашта то имрӯз идома дорад, таъкид намуда, дар ин замина роҳандозии ҳамкориҳоро дар идомаи таҳқиқи ин ёдгории беназири бостонӣ, омӯзиши забони фаронсавӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ бо ширкатҳои фаронсавӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, безараргардонӣ ва коркарди партовҳои маишӣ, тавлиди нерӯи барқ, меъморию шаҳрсозӣ ва дигар соҳаҳои ба ҷонибҳо манфиатовар матраҳ намуданд.
Хонуми сафир қаноатмандиашро аз боздид аз шаҳри Панҷакент ва ёдгориҳои таърихии он изҳор намуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд.



