Бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо ибтикори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои мобилии Tсеll, О Mobile, МегаФон, ZET Mobile, Вавилон ва Анор сафари эҷодию сайёҳии намояндагони ВАО ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташкил карда шуд.
Сафари мазкур аз 28 то 31-уми август идома ёфт. Дар сафар дастовардҳои соҳаи алоқа дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мавзеъҳои таърихии он инъикос карда шуд. Намояндагони ВАО бо ҳолати истгоҳҳои базавӣ ва вазъи хизматрасонии ширкатҳои мобилӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Ишкошим ва маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, шинос шуда, доир ба дастовардҳо, мушкилот ва дурнамои соҳаи алоқа дар ин минтақа бо масъулон ва истифодабарандагони алоқаи барқӣ мусоҳибаҳо оростанд.
Тавре таъкид карда шуд, қисмати дигари сафари намояндагони ВАО инфрасохтори сайёҳиро дар бар мегирифт. Вобаста ба ин, гурӯҳи рӯзноманигорон аз истироҳатгоҳи «Чорчаман» ва қалъаи таърихии «Карон», ки дар ноҳияи Дарвоз ҷойгир буда, ҳамасола меҳмонону сайёҳони зиёди дохилию хориҷӣ аз ин маконҳо дидан мекунанд, боздид ба амал оварданд.
Дар ноҳияи Ишкошим намояндагони ВАО ба таърихи пайдоиш ва ҳолати кунунии қалъаҳои «Қаҳқаҳа» ва «Ямчун», хусусиятҳои шифобахшии чашмаҳои «Бибифотимаи Зуҳро» ва «Гамрчашма», инчунин Осорхонаи шоир ва нависандаи маъруфи асри гузашта Мубораки вахонӣ шинос шуда, бо сайёҳони дохиливу хориҷӣ, ки ба ин маконҳо ташриф оварда буданд, мусоҳибаҳо оростанд. Чун Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дорои мавзеъҳои зиёди таърихию сайёҳӣ мебошад ва ҳамасола сайёҳони зиёд ба ин маконҳо ташриф меоранд, таъмини алоқа дар чунин мавзеъҳо барои тарғибу ташвиқи онҳо нақши муҳим мебозад. Маҳз ба ҳамин хотир ҷузъи асосии сафари рӯзноманигорон боздид ва шиносоӣ аз фаъолияти ширкатҳои мобилӣ дар ин минтақаи мамлакатро ташкил медод.
Тавре мушоҳида намудем, гарчанде ки релефи вилоят кӯҳист, аммо дар муқоиса бо чанд соли пеш вазъи соҳаи алоқа бамаротиб рӯ ба беҳбудӣ овардааст, зеро маҳдудиятҳои барқ дар вилоят вуҷуд надорад. Аз ин ҷиҳат таъминоти алоқа дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Ширкатҳои мобилӣ дар минтақаҳои гуногуни аҳолинишин панелҳои офтобӣ ва бодӣ, инчунин дизел-генераторҳо ва аккумуляторҳо насб кардаанд, то сайёҳону сокинон тавонанд бо алоқаи хушсифат тамъмин бошанд.
Тавре аз суҳбат бо масъулини ширкатҳои мобилӣ бармеояд, онҳо нақша доранд барои густариши пӯшиши радиоии алоқа инфросохтори худро бо афзоиши истгоҳҳои базавӣ ва насби таҷҳизот бо наслҳои 3G ва 4G такмил диҳанд. Қобили тазаккур аст, ки бо сабаби мушкилгузар будани мавқеи ҷуғрофии баъзе минтақаҳои аҳолинишин ширкати Tсеll дар чанд минтақа аҳолиро бо интернети моҳвораӣ таъмин намудааст.
Ташкил намудани чунин чорабиниҳо бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон имкон медиҳад, ки аҳолӣ аз сатҳи хизматрасониҳои алоқаи барқӣ дар мамлакат комилан огоҳ шаванд ва мушкилоти мавҷуда бартараф шуда, рушди бомароми соҳаи алоқа, ки як ҷузъи муҳими ҳаёти моро ташкил медиҳад, таъмин гардад.



