Табиби шинохтаи мардумӣ Садриншоҳ Ҷалолиён аз олам даргузашт.Ӯ 84 сол дошт ва асосан ба гиёҳдармонӣ машғул буд.
Дар ин бора ба Pressa.tj пайвандони марҳум хабар додаанд.
Садриншоҳ Ҷалолиён ҳамчун табиби мардумӣ миёни мардум шуҳрати хос пайдо карда, бо истифода аз гиёҳҳои шифобахш ба мардум хизмат мерасонд. Бисёриҳо ӯро ҳамчун шахси хоксор ва ғамхор ёд мекунанд.
Маросими ҷанозаи марҳум 26-уми декабр, соати 11:00 дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Чашмасор (наздики Боғи устод Айнӣ) баргузор гардид.
Блоки рекламавӣ



