Имрӯз доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ятимов Саймумин Сатторович ба синни 70 расид.
Зиндагинома
Саймумин Ятимов 23 июли соли 1955 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1976 Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ва соли 2003 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Фаъолияти корӣ
Фаъолияти кории худро С. Ятимов аз иҷрои вазифаҳои корманди оперативӣ ва роҳбарӣ дар сохторҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, дастгоҳи марказии Кумитаи Амнияти Давлатии Тоҷикистон шурӯъ кардааст.
Солҳои 1996-2000 фаъолияти дипломатӣ намуда, баъдан дар мансабҳои сардори раёсат, муовини Вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2007-2010 дар вазифаҳои Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бархе аз кишварҳои Аврупо ва сардори Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои Аврупоӣ фаъолият намудааст.
Аз моҳи майи соли 2010 муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи сентябри соли 2010 дар мансаби Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кард.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 2013 Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2020 бинобар таъсиси Ҳукумати нав Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Мукофот ва ҷоизаҳо
Бо Ордени Спитамен дараҷаи II, Ордени Зарринтоҷ дараҷаи II, медали ҷашнии «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.
Сиёсатмадори олим
Дар фаъолияти сиёсиву илмии худ С. Ятимов тавониста худро содиқ ба Ватан ва олими забардасте нишон диҳад. Ҳамзамон, олимону донишмандони кишвар, нисбати шахсияти илмии ӯ баҳои баланд дода, пажуҳишу таҳлилҳои илмии ӯро арзишманд хонда, нисбаташ эҳтироми хоса доранд.
Дар ин росто, дар замони ҷаҳонишавӣ ва хатарҳои беруна, бо роҳбарии С. Ятимов Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зери сиёсати оқилонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро аз ҳама хатарҳо эмин нигаҳ дорад!
Аз ҳама муҳим масъалаҳои баҳсие, ки бо ҳамсоякишварҳо Тоҷикистон дошт, ҳаллли худро ёфтанду роҳи сулҳу осоиштагиро бо ҳамсояҳои худ пеша карданд.
Соҳибҷашнро ба рӯзи мелод табрик мегӯем ва таманно мекунем ҳамеша чун имрӯз муваффақу пирӯз бимонад!
“Фараҳ”