Китоби деринтизори хотироти Гугуш ситораи маъруфи поп дар миёни форсизабонони ҷаҳон ба забони англисӣ ва таҳти номи “Садои гуноҳолуд” нашр шуд. Ба забони форсӣ низ ҳафтаи оянда дастраси ҳаводоронаш мешавад.Ширкати “Амазон”, китобро ба фурӯш гузоштааст, дар муаррифии он навиштааст, “пеш аз онки Мадона ва Биёнсе вуҷуд дошта бошанд, Гугуш будааст”. Гугуш дар ин китобаш навиштааст: “Эрон бахше аз вуҷуди ман аст, мешавад Гугушро аз Эрон бебун баред, аммо наметавонед, Эронро аз Гугуш берун кунед.”
Китоби “Садои гуноҳолуд” бо ҳамкории Торо Деҳлавӣ навишта шудааст. Китоби “Садои гуноҳолуд” нусхаи форсӣ ҳам дорад, ки ба гуфтаи Ҳумо Саршор мутарҷими китоб, рӯзи 10 уми сентябр нашр мешавад. Онгуна, ки аз саҳифаи Ҳумо Саршор дар Инстаграм бармеояд, китоб “Садои мамнуъи Гугуш” ном гирифтааст. Гугуш даҳсолаҳост, ки дар Тоҷикистон маҳбубияти зиёд дорад, аммо ҳеч гоҳе дар кишвар консерте надошта ва ба он сафар ҳам накардааст.

“Садои гуноҳолуд”-и Гугуш нашр шуд.
Блоки рекламавӣ


