“Мо таҳримҳои беасосро ҳамчун дахолат ба корҳои дохилии кишвар ва ҳамчун фишоре, ки ба рушди иқтисоди навтаъсиси мо халал мерасонад, арзебӣ мекунем”, – изҳор дошт Президент Садир Жапаров рӯзи 23 сентябр дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 80-уми Ассамблеяи Генералии СММ. Дар суханронии худ Президент таъкид кард, ки Қирғизистон “ӯҳдадориҳои байналмилалии худро қатъиян иҷро хоҳад кард”. “Таҳримҳое, ки нисбати Қирғизистон ҷорӣ шудаанд, ба иттилооти бардурӯғе асос ёфтаанд”, – гуфта мешавад дар суханронии Президенти Қирғизистон. “Мо омодаем, ки аудити мустақили байналмилалиро барои санҷиши ҳамаҷонибаи фаъолияти бонкҳои Қирғизистон қабул намоем”.
Жапаров қайд кард, ки соли 2024 кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бо Руссия 141 миллиард доллар тиҷорат карданд, ки 36 миллиард доллари он аз РуСсия ворид карда шудааст. Дар айни замон, ба гуфтаи ӯ, Бритониё, ки алайҳи ду бонки Қирғизистон таҳрим ҷорӣ кардааст, бо Руссия ба маблағи 2,2 миллиард доллар тиҷорат кардааст. “Касе имконияти ҳамкорӣ бо Руссияро бо ҳимояи манфиатҳои худ нигоҳ медорад, аммо ин ба дигарон манъ аст”,- гуфт Жапаров.
Шумо онро чӣ меномед? Як мақол ҳаст: “пеш аз он ки аз дигарон чизе талаб кунед, худатон намуна бошед.”
“Шумо талаб мекунед, ки мо бо Руссия ҳамкорӣ накунем,аммо худи Шумо робитаҳои тиҷоративу иқтисодиро бо ин кишвар фаъолона рушд медиҳед”,-идома дод Президенти Қирғизистон. – “Мо бо Руссия нисбат ба Шумо муносибатҳои бештари иқтисодӣ дорем. Аз ин рӯ, аз ҷиҳати иқтисодӣ мо наметавонем аз ҳамкорӣ бо Руссия даст кашем”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь