2-юми декабри соли 2025, тахминан соати 17:00, ронандаи дучархаи “Мототсикл”, Худойдодов Фузайлӣ Салимович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Ваҳдат ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Н.Розиқи шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи дучархааш набаромада, ба қисмати қафои автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, таҳти идораи ронанда, Наҷмуддинов Шералӣ Насриддинович, соли таваллудаш 1962, сокини ҳамин шаҳр бархӯрдааст.
Дар натиҷа, дучархарон Худойдодов Ф.С. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
3-юми декабри соли 2025, ронандаи автомашинаи тамғаи «Ренҷ-Ровер», Алиқулов Шоҳрух Эҳромович, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат аз маҳаллаи 28-ум ба самти маҳаллаи 31-уми шаҳри Хуҷанд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба бетони канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронанда Алиқулов Ш.Э. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофираш Бобомуродова Фараҳноз Фазлиддиновна, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Панҷакент, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь