Бар асари бархӯрди як автобуси мусофиркаш бо як мошини борбар 71 тан ҷон бохтанд.
Аҳмадуллоҳ Муттақӣ, сухангӯи волии ҳукумати Толибон(фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ аст) дар Ҳирот, гуфт, ки ин ҳодиса рӯзи сешанбе рух дод ва боиси ҷон бохтани 71 тан, аз ҷумла, 17 кӯдак шудааст.
Ҳодиса замоне рух дод, ки автобуси мусофирбари муҳоҷирони ихроҷшуда аз Эрон, дар роҳи Исломқалъа-Ҳирот, бо як мошини борбар бархӯрд ва оташ гирифт.
Муҳаммадюсуф Саидӣ, як мақомдор дар вилояти Ҳирот ба хабаргузории “Франс-пресс” гуфтааст, ки ин автобус аз Эрон баргашта ва ба тарафи Кобул мерафт. Ҳамаи мусофирон дар гузаргоҳи Исломқалъа ба ин автобус савор шуда буданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь