18-уми январи соли 2026 ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай Соната”, Талабов Муҳаммадҷон Абдуразоқович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Душанбе-Бохтар”, дар ҳудуди ноҳияи Хуросон бо қисмати пеши автомашинааш пиёдагард Мизробов Ахмедҷон Нусратуллоевич сокини ноҳияи Хуросонро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Мизробов А.Н. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
18-уми январи соли 2026 ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс 200», Қосимов Илёсҷон Раҳмонқулович сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Айнӣ-Панҷакент” дар ҳудуди деҳаи Ғусари ҷамоати деҳоти Л.Шералии ноҳияи Панҷакент аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Шакман» таҳти идораи ронанда Холов Абдусалим Абдуҷалилович сокини шаҳри Панҷакент, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс 200», Қосимов И.Р. ва мусофири ноболиғаш Шаропов Идрис Довудович сокини шаҳри Панҷакент, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофирони дигари автомашинаи мазкур Қосимова Сурайё Илёсовна ва ноболиғон Шарипов Икром Довудович ва Шарипов Илҳом Довудович сокинони шаҳри Панҷакент, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Садамаи марговар дар Хуросон ва Панҷакент
Блоки рекламавӣ


