22-юми январи соли 2026, тахминан соатҳои 16:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Тико”, Давлатов Салим Давлатович, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаркат дар шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода” дар назди деҳаи Зарбадори ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода, ба самти муқобили ҳаркати роҳ баромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи ронанда Ҳусензода Абдулҳусен Ҷумабой, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Масчоҳ, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи тамғаи «ДЭУ-Тико» Кенҷаев Бегмурод Давлатович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Турсунзода, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст, худи ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Тико”, Давлатов С.Д. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь