Сиюми августи соли 2025 ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Авентра”, Таҷибаев Алишер Ибодуллоевич, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Кӯшониён дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дучархаи барқии “Скутер” таҳти идораи Абдуллоева Насиба Сафаралиевна, сокини ҳамин ноҳия бархӯрдааст.
Дар натиҷа, дучархарони барқӣ Абдуллоева Н.С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Сию якуми августи соли 2025, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Соната”, Сарбаров Акмал Абдижаборович, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода” дар ҳудуди деҳаи Зарбдори ҷамоати деҳоти Регари шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Маҳмадхонов Улуғбек Юсуфович, сокини ноҳияи Файзобод ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Нозимов Дониёр Авғонович, сокини шаҳри Турсунзода, ки ба самти шаҳри Турсунзода ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Маҳмадхонов У.Ю. ва мусофиронаш Маҳмадхонова Махсуда, Маҳмадхонов Рустам, Яшаров Шералӣ сокинони ноҳияи Файзобод ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расида, мусофири дигараш Маҳмадхонова Холида, сокини ноҳияи мазкур ва ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Нозимов Д. А. ва мусофиронаш Сайдуллоева Гузал Газимовна, Мизбаева Ирода Рамазоновна, сокинони шаҳри Турсунзода ва ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Соната”, Сарбаров А.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Сию якуми августи соли 2025 ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, Саидов Ҳикмат Алиевич, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Душанбе-Ҳисор” аз самти кӯчаи Ҷанубӣ ба самти шаҳри Ҳисор дар рӯбарӯи маҳаллаи Дарёободи шаҳри Душанбе пиёдагарди ноболиғ Неъматуллозода Муҳаммад Миралӣ, сокини ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Неъматуллозода М.М. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми аз тарафи ронанда ба беморхона дастрас намудан, ба ҳалокат расидааст.
“Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад” – хабар додааст маркази матбуоти ВКД.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь