27 – уми августи соли 2025 дар ҳудуди деҳаи Оби-Шифои ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Автомашинаи сабукрави тамғаи “Mersedes-Bens” бо рақами давлатиаш tj62-40ВВ01, ки мутааллиқ ба ронанда Каримов Музаффаршоҳ Эшмуродовичи 34-сола, сокини деҳаи Зарнисори ҷамоати деҳоти Чоргултеппа буд, ҳангоми ҳаракат аз канори роҳ берун шуд ва умқи тақрибан 50 метр сарозер гардид.
Сабаби ҳодиса аз ӯҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда гуфта шудааст.
Бо бархӯрдани мошин ба ҷарӣ сӯхтор ба амал омад ва ронанда бо мусофираш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Бо дарёфти хабар наҷотдиҳандагони Раёсати Хадамоти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷотдиҳии Кумита, ба суроғаи ёдшуда рафтанд ва аз дохили автомашина ҷасади ҳалокшудагонро бароварда, ба мақомотҳои дахлдор супориданд.
Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ хабар додаанд.

Садамаи маргбор дар ноҳияи Рӯдакӣ
Блоки рекламавӣ


