Вазорати корҳои дохилӣ аз чанд ҳодисаи роҳу нақлиёт хабар дод, ки дар натиҷаи онҳо чанд кас ба ҳалокат расидаанд.

27-уми июли соли 2025, тахминан соати 16:30, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Корола”, Сатторов Амирхон, соли таваллудаш 1954, сокини шаҳри Кӯлоб ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Бози Парони ноҳияи Муъминобод дар нишебии гардиши роҳи автомобилгард, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ба чуқурии қисмати чапи роҳи автомобилгард ба нишебии 35-метр сарозер шуда, дар охир ба дарахти сояафкан бархурда чаппа шудааст. Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур Саидов Сафаралӣ Валиевич, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Душанбе дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, худи ронанда ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст. Ҳамчунин, 28-уми июли соли 2025, тахминан соати 09:45, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Ҳайитбоев Баҳромбек Ҷасурбекович, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Спитамен ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» дар ҳудуди деҳаи Тағояки ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз қафои автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», таҳти идораи ронанда Мансуров Ҷурабек Ҷумабоевич, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Деваштич, ки дар роҳи асоси ҳаракат мекард, аз тарафи чап сабқат намуда, ба тарафи қисми пеши автомашинаи мазкур бархурдааст. Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Ҳайитбоев Б.Ҷ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь