26-уми декабри соли 2025, тахминан соати 18:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лада”, Лоиқов Шарофиддин Асомиддинович, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи “Шакман”, таҳти идораи Неъматов Ашраф Анварович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи К.Мастчоҳ, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лада” Лоиқов Ш.А. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири автомашинаи мазкур Лоиқов Самариддин Шарофиддинович, соли таваллудаш 2006, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
27-уми декабри соли 2025, тахминан соати 12:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “LEKSUS RХ-350”, Маҷидов Ҷумахон Раҷабалиевич, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Левакант, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Левакант ба самти ноҳияи Данғара дар ҳудуди деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Левакант бо автомашинаи тамғаи “Хундай-Solaris”, ки таҳти идораи Мирзоев Ҳокимҷон Халифаевич, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Solaris”, Мирзоев Ҳ.Х. ва мусофиронаш ноболиғон Шамсуддинова Ҳафизамоҳ Нуралиевна, соли таваллудаш 2011 ва Субҳони Сафарали Шарифзода, соли таваллудаш 2008, сокинони ноҳияи Восеъ ва Шамсуддинов Нуралӣ Шарифович, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Восеъ ба ҳалокат расидаанд.
Ронандаи автомашинаи тамғаи “LEKSUS RХ-350”, Маҷидов Ҷ.Р. ва мусофирони дар дохили автомашинаи мазкур буда, Маҷидова Раҷабгул Қуватовна, соли таваллудаш 1960, Маҷидова Зарина Раҷабовна, соли таваллудаш 1983, сокинони шаҳри Левакант, ҷароҳатҳои гуногуни ҷимонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
28-уми декабри соли 2025, тахминан соатҳои 15:30-дақиқа, ронандаи дучархаи барқии тамғаи “Скутер”, ноболиғ Бозоров Ҳасан Улугбекович, соли таваллудаш 2012, сокини ноҳияи Дустӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисмати қафои автомашинаи боркаши тамғаи “Мерседес Бенс Спринтер”, таҳти идораи Ҳоҷияров Кароматулло Одилҷонович, соли таваллудаш 1997, сокини ҳамин ноҳия бархӯрдааст, ки дар натиҷа дучархарони ноболиғ Бозоров Ҳ.У. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь