2-юми августи соли 2025,  ронандаи автомашиани тамғаи “Опел Астра”, Маҳмадов Ҷурахон Алимович, сокини ноҳияи Балҷувон ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сафобахши ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Шарифзода Сулаймон Низомуддин,  сокини ноҳияи Балҷувонро пахш намудааст.

Ноболиғ Шарифзода С.Н.  дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Санаи 2-юми августи соли 2025,  ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Аванте», Имомалиев Давронҷон Очилдиевич, сокини ноҳияи Ашт ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Ашт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ҳангоми ба сабқат баромадан бо қисми паҳлуи росташ ба автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», таҳти идораи Хайруллоев Санҷар Рафторҷонович, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи мазкур, ки аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти ноҳияи Ашт ҳаракат дошт, бархӯрдааст.

Дар натиҷа ҳар дуи автомашинаҳо берун аз роҳ чаппа шудаанд.

Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Аванте» Имомалиев Д.О. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, мусофири дар дохили автомашина буда, Мерганова Фотима Ҳакимҷоновна, соли таваллудаш 1967, сокини шаҳри Гулистон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь