11-уми ноябри соли 2025, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Камри», Ғиёсов Муҳаммаднасим Мироҷиддинович, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Айни-Панҷакент» дар ҳудуди деҳаи Дашти маллаи шаҳри Панҷакент аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба сутуни канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронанда Ғиёсов М.М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
12-уми ноябри соли 2025 ронандаи автомашинаи тамғаи “Toyota Vitz”, Шералиева Бибираҷаб Муродовна, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ёвон ба самти шаҳри Ваҳдат, воқеъ дар дохили нақби “Хатлон” ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Lexus RX 350”, таҳти идораи Раҷабов Шералӣ Саъдуллоевич сокини шаҳри Душанбе бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашинаи тамғаи “Toyota Vitz”, хурдсолон Ибодова Ясмина Манучеҳровна, ва Ибодова Мутриба Манучеҳровна сокинони ноҳияи Ёвон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, мусофири дигараш хурдсол Ибодова Баҳора Манучеҳровна дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Садамаҳои марговар дар Панҷакенту Ёвон
Блоки рекламавӣ


