9-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 20:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи ”Мерседес-Бенз”, Шукурзода Саломиддин Маҳмадҷон, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Бохтар», дар ҳудуди маҳаллаи Гулпарвари ноҳияи Фирдавсӣ бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин накарда, пиёдагард Алиев Муродали Раҳмонович, соли таваллудаш 1961, сокини ноҳияи Фирдавсиро, ки роҳи мошингардро дар дасташ дучарха (велосипед) аз чап ба рост убур мекард, пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Алиев М.Р. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
10-уми сетябри соли 2025, тахминан соати 11:00, ронандаи сечарха (муравей), Собирзода Сангали Талбак, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Заҳматободи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи сечархааш набаромада, дар тарафи чапи роҳ дар дохили ҷӯйбори обгузар афтида, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
10-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 10:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Шакман”, Ҳақназаров Аҳлиддин Сафаралиевич, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори бетонии иҳотавии байни роҳ бархӯрда, чаппа шудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь