12-уми декабри соли 2025, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “GAC-AION Y PlUS”, Нарзуллозода Абдуллоҷон Абдукарим, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Ваҳдат аз самти кӯчаи Карамов ба самти хиёбони Н.Махсуми шаҳри мазкур ҳангоми ба қафо ҳаракат намудан дар ру ба руи кӯчаи А.Навоӣ бехатарии ҳаракатро таъмин карда натавониста, пиёдагард Ҷумаева Тамано Гуловна, соли таваллудаш 1979 ва хурдсол Ғуломов Илҳомҷон, соли таваллудаш 2017, сокинони ҳамин шаҳр, ки роҳи мошингарди мазкурро аз ҷойи номуайяншуда ба тарафи рост убур менамуданд, пахш менамояд.
Дар натиҷа номбурдагон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми аз ҷониби ронанда ба беморхона дастрас намудан, Ҷумаева Т.Г. ба халокат расидааст.
12-уми декабри соли 2025, тахминан соати 18:10-дақиқа, ронандаи мототсикли тамғаи “Мotorcycle”, Шарипов Умедҷон Астанақулович, соли таваллудаш 1993, ноҳияи Кӯшониён ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи мазкур қоидаи ҳаракати роҳро вайрон намуда, ба мототсикли сечарха таҳти идораи ронанда, Маҳмадшоев Рашид Холмамадович, соли таваллудаш 1986, сокини ҳамин ноҳия бархурдааст, ки дар натиҷа ронандаи мототсикли тамғаи “Мotorcycle” Шарипов У.А. ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
14-уми декабри соли 2025, тахминан соати 06:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Камри”, Нодирзода Хисрав Носирхон, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Кӯлоб бо ҳамроҳии Тураев Азизҷон Раҷабалиевич, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри мазкур ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳрои хиёбони И.Сомонии шаҳри Кӯлоб, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба муқобили самти ҳаракат баромада ба дарахти арча бархӯрдааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Нодирзода Х.Н. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида ва мусофираш Тураев А.Р. низ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
14-уми декабри соли 2025, тахминан соати 06:55-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Сиёна», Бобоҷонов Абдуҳаким Абдуқодирович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ» дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти рости канори роҳ аз роҳи мошингард берун рафта, ба садама дучор шудааст.
Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи мазкур ноболиғ Усаров Ҷаҳонгир Муродович, соли таваллудаш 2016, Усаров Муҳаммад Муродович, соли таваллудаш 2001 ва Умарова Маҳбуба Каримовна, соли таваллудаш 1963, сокинони шаҳри Конибодом ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд, Умарова М.К. дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
14-уми декабри соли 2025, тахминан соати 05:35-дақиқа, ронандаи автомашинаи барқии тамғаи “BYD E2”, Қурбоналии Ҳасанали, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Ш.Шоҳин ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Борбади ноҳияи Фирдавсӣ аз самти кӯчаи Сомон ба самти кӯчаи А.Ҷомӣ ҳангоми расидан дар наздикии бинои НФС “Шарқ” пиёдгарди марди шахсияташ номаълум, тахминан 45-50-соларо пахш намудааст.
Дар натиҷа, марди шахсияташ номаълум ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас кардан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Садамаҳои маргбор дар Ваҳдат, Кӯшониён, Кӯлоб, Шаҳристон
Блоки рекламавӣ


