17-уми январи соли 2026 ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай Аванте”, Олимов Турсунмурод Ҷумаевич сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи мазкур ба самти ноҳияи Ёвон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба нақлиёти боркаши тамғаи “Мерседес-Атеко”, таҳти идораи Ҷурақулов Илҳомиддин Абдузоирович сокини ноҳияи Ёвон бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Аванте” Олимов Т.Ҷ ва мусофираш Тағоибеков Раҷабалӣ Қурбоналиевич сокини ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, се нафар мусофирони дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
17-уми январи соли 2026 ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемри”, Равшанбеков Абдулло Равшанбекович сокини ноҳияи Хуросон, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Бохтар-Душанбе” дар ҳудуди ноҳияи Хуросон, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагард Сайфиддинзода Комил Тошмаҳмад сокини ноҳияи Хуросонро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Сайфиддинзода К.Т. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ои ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь