9-уми январи соли 2026, тахминан соатҳои 22:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВМВ», Холиқов Мандон Исломиддинович, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард марди тахминан 30-35-сола, шахсиаташ номаълумро пахш намудааст, ки дар натиҷа пиёдагарди мазкур дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
9-уми январи соли 2026, тахминан соатҳои 17:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Сафаров Ҷурабек Ҷуманазарович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Кайқубоди ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар канали обгузари назди манзили истиқоматиашон автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, ронанда ва писарони хурдсолаш Сафаров Абдулло Ҷурабекович, соли таваллудаш 2022, Сафаров Яҳё Ҷурабекович, соли таваллудаш 2024, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, Сафаров Муҳаммад, соли таваллудаш 2020, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
10-уми январи соли 2026, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи нақлиёти Трактор “Т-82”, бе ҳуҷҷати ронандагӣ, Сафаров Абдукарим Мамадзоирович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди хоҷагиҳои деҳқонии деҳаи Тиллоободи ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, тракторро дар канори чапи роҳ ба чуқурии дарозиаш 10 метр чаппа кардааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Сафаров А.М ва мусофири дохили трактор Юлдошев Фатҳулло Қурбонмуродович, соли таваллудаш 1990, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
11-уми январи соли 2026, тахминан соати 08:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Тико”, Абдуллоев Хурам Холбоевич, соли таваллудаш 1961, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази шаҳри Турсунзода бо шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода” ба самти деҳаи Файзободи ҷамоати деҳоти Регари шаҳри мазкур, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Зарбдори ҳамин шаҳр аз роҳ баромада, дар канори чапи роҳ автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Абдуллоев Х.Х. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
11-уми январи соли 2026, тахминан соати 13:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-СИЕЛО”, Бадалов Сайдулло Хайруллоевич, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи М.Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти С.Турдиев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарони ноболиғ Шарифзода Абдураҳмон Абдувалиҷон, соли таваллудаш 2008, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Шарифзода А.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
11-уми январи соли 2026, тахминан соати 16:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес”, Абдулазизов Дилшод Назарҷонович, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Хуросон, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Ваҳдат-1 ба самти ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Иноятуллоев Имронбек Абдулваҳобович, соли таваллудаш 2022, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Иноятуллоев И.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Садамаҳои фоҷиабор дар оғози моҳи январ
Блоки рекламавӣ


