Дар як садамаи фоҷиабор дар вилояти Хатлон падари ҷавоне бо ду тифли хурдсолаш ҷон бохта ва танҳо фарзанди сеюмаш зинда мондааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст, ки садама шоми 9-уми январ дар ҳудуди ҷамоати Кайқубоди ноҳияи Қубодиён ба вуқӯъ пайваст. Ба гуфтаи вазорат, Ҷурабек Сафарови 32-сола ҳангоми ҳаракат дар мошин аз ӯҳдаи идораи мошин барнаомадааст ва дар натиҷа мошин ба канал ва ё наҳри назди хонаашон чаппа шудааст.
Дар ин фалокат, худи падар ва тифлони 4-сола ва 2-солааш Абдулло ва Яҳё дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтаанд ва писари бузургӣ Муҳаммад захм бардошта дар дар шифохона бистарӣ шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь