8-уми декабри соли 2025 ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Сатторов Парвиз Мусоевич, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Шаҳритус, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба чуқурии тахминан 20-25-метр сарозер шудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Сатторов П.М. ва мусофираш Бегматова Ойзура Исмоиловна, соли таваллудаш 1994, сокини хамон ҷо дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.
Блоки рекламавӣ



