Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз садама дар лӯлаи об дар пойтахт хабар дод, ки боиси марги ду корманди КВД обу корези пойтахт шудааст.
Ин ҳодиса рӯзи 13-уми сентябр рух дод. Дар хабар гуфта шудааст, ки бар асари садама дар системаи лӯлаи оби ошомиданӣ дар кӯчаи Айнӣ 126, гардиши маҳаллаи Мирзобек, 2 нафар кормандони КВД обу корези шаҳри Душанбе ба ҳалокат расиданд.
Ин ду нафар ба хотири рафъи мушкили пешомада ба ҷоҳ дохил шудаву аз он берун наёмаданд.
Яке аз ҳалокшудагон сокини 58-солаи маҳаллаи Оқтоқи ноҳия Рӯдакӣ ва дуюмӣ сокини кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе буда, 30 сол дошт.
Блоки рекламавӣ



