Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон садамаи нақлиётии шаби ҳафтуми феврал дар шаҳри Душанберо, ки дар натиҷаи он се кас ҷон бохтааст, тасдиқ кард.
Дар ин садама дар маҳаллаи ҳафтуми шаҳри Душанбе Муҳаммад Шарифзода сахт маҷруҳ шуда, се тани дигар ҳалок шудаанд.
Аксу навори садама дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, ду тан аз ҷонбохтагони ин ҳодисаро “духтарони 20-сола” номидаанд, ки ба “блогерӣ машғул буданд.” Саҳифаҳои ин ду духтар бо номи “Ноза” ва “Саодат” пас аз ду рӯзи ҳодиса аз шабакаҳои иҷтимоӣ пок карда шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь