Раиси Оҷонси мубориза бо фасод ё коррупсия гуфт, ба номи хешу табораш будани бахше аз дороиҳои Исматулло Абдулллозода, раиси пешини Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе, барқарории зиёни молиро мушкил гардонид ва бино бар ин ӯро аз ҳабс раҳо карданд. Ӯ ба тасарруфи миллионҳо доллар пули давлат гумонзад аст, вале худаш то ҳанӯз дар ин бора ҳарф назадааст.
Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонси мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон, рӯзи 13-уми феврал гуфт, Абдулллозода то ҳол 94,3 миллион сомонӣ зарарро ҷуброн карда, бештар аз 922 миллион сомонии дигар мондааст.
Вай афзуд, раҳоии Исматулло Абдулллозода аз ҳабси пешакӣ бо гирифтани забонхату набаромадан аз ҷойи истиқомат ва фурӯши амволу барқарории зарар рабт дорад.
“Амволе, ки мақомоти тафтишотӣ пешниҳоду ошкор карданд, ба ҳабс гузоштем. Аксарият ба номи худаш, ба номи хешутаборонаш ба расмият дароварда шудаанд. Ҳангоми фурӯхтан фарзандонаш ҳамин имкониятро пайдо накарданд, лозим шуморидем чораи пешгирияшро иваз кунем,” — афзуд раиси Оҷонсӣ.
Ба қавли ӯ, ҳоло таҳқиқи парвандаи Исматулло Абдулллозода ба анҷом расида, рӯзҳои наздик ба додгоҳ фиристода хоҳад шуд. Ба иттилои Оҷонси мубориза бо коррупсия, дар пайванд ба қазияи раиси пешини Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе, парвандаи 20 тани дигарро марҳила ба марҳила ба додгоҳ фиристодаанд.
Рӯзи 12-уми феврал дар нишсти хабарии Додгоҳи олӣ гуфтанд, 14 нафари онҳо бо пардохти 217 миллион сомонӣ ҷуброни зарар озод шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь