Аз 15 то 25 сентябр дар ҳудуди шаҳри Душанбе амалиёти шартии «Тасмаи бехатарӣ» ва «Скутер» баргузор мешавад. Дар ин маврид аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар додаанд.
Амалиёт бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва таъмини амнияти иштирокчиёни ҳаракат мегузарад.
Зимни гузаронидани ин амалиёт кормандони милитсия ба риояи ҳатмии истифодаи тасмаи бехатарӣ аз ҷониби ронандагон ва мусофирон, ҳамчунин ба қоидаҳои истифодаи мотосикл ва скутер таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд.
РВКД дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки дар роҳҳо эҳтиёткорона ҳаракат намуда, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя созанд. Зеро риояи ин талабот кафолати амнияти шахсӣ ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ки вақтҳои охир дар кӯча ва роҳҳои мошингарди мамлакат вазъи содиршавии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ ташвишовар гардида, боиси фавти мусофирони дохили нақлиёт ва ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштани онҳо мегардад.
Ёдовар мешавем, ки амалиёти шартии «Тасмаи бехатарӣ» дар шаҳри Душанбе аз соли 2023 инҷониб гузаронида мешавад.

РВКД амалиёти «Тасмаи бехатарӣ» ва «Скутер»-ро оғоз кард
Блоки рекламавӣ


