Рӯзноманигори CNN Шелли Киттлсонро дар Бағдод рабуданд, – хабар дод ҳамкораш Алекс Плитсас дар шабакаи иҷтимоӣ рӯзи 31 март. Ба гуфтаи сарчашма Макони Киттлсон дар кадом ҳолат будани вай маълум нест.
Вазорати корҳои дохилии Ироқ қаблан 31 март хабар дода буд, ки ҷинояткорон рӯзноманигори хориҷиро рабудаанд. Нашрияи Аморати муттаҳидаи араб The National ва дигар расонаҳо гуфтааст, ки сухан дар бораи Киттлсон меравад. Гуфта мешавад, ки яке аз гумонбарон боздошт шудааст. Дигар одамрабоёнро меҷӯянд.
Дар интернет видеое пайдо шуд, ки дар он лаҳзаи рабудашавӣ нишон дода шудааст. Дар сабт дида мешавад, ки чанд нафар занро ба мошин меандозанд. Ҳақиқати видео тасдиқ нашудааст.
Шелли Киттлсон аз кишварҳои Шарқи наздик ва Афғонистон гузоришҳо менавишт. Дар ҳафтаҳои охир вай дар Сурия кор мекард. Дар шабакаҳои иҷтимоии вай гуфта мешавад, ки ӯ бо бисер нашрияҳо, аз ҷумла AL-Monitor, Foreign Policy, Politico ва «Би-би-си» ҳамкорӣ мекунад.

Рӯзноманигори CNN Шелли Киттлсонро дуздиданд
Блоки рекламавӣ


