Дар рӯзи охирини нахустин Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо, ки дар шаҳри Душанбе бо иштироки беш аз 220 варзишгар аз 12 давлат баргузор гардид, паҳлавонони Тоҷикистон аз намуди самбои размӣ байни мардон соҳиби шаш медал, аз ҷумла ду медали тилло, ду нуқра ва ду биринҷӣ шуданд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Медалҳои тиллоро Холид Талибзода ва Фариддун Одилов, медалҳои нуқраро Мустафо Алибеков ва Ҳисайн Ҷамахонӣ ва медалҳои биринҷиро Исфандиёр Холов ва Саймуҳаммад Исматзода соҳиб шуданд.
Мусобиқа 20-21 сентябр баргузор шуда, варзишгарон дар ду бахш — самбои варзишӣ ва самбои размӣ дар 14 вазн байни мардону занон рақобат карданд.
Блоки рекламавӣ



