Он рӯз ман дар Кобул будам. Шаҳр пурташаннуҷ, аммо зиндагӣ дар микрорайон чун ҳамеша бо як оромии қалбакӣ ҷараён дошт. Бо Муродуллоҳ Шерализода, Умриқул Ҳақбердиев, Бурҳон Ғанӣ, Расул Хуршед (дӯстам Холиқбердӣ) ва Қурбоналӣ Хӯҷамов сайругашт мекардем. Қурбоналӣ зоҳиран ба овозхони маъруфи афғон Мададӣ монандӣ дошт. Аз ин рӯ, мо бо ҳазлу шӯхӣ ӯро “Мададӣ меномидем.

Ҳангоми роҳравӣ аз паҳлуи мо ду бонуи афғон гузаштанд. Яке ба дигарӣ бо тааҷҷуб гуфт:

– Ин Мададӣ нест, ки ҳоло аз телевизион суруд мехонд? Бингар, ки акнун дар кӯча мегардад…

Мо бо шунидани ин сухан хандидем ва бо хурсандӣ роҳро идома додем.

Он замон дар Афғонистон марз миёни саҳна ва соя, миёни шуҳрату фаромӯшӣ, миёни зинда мондану кушта шудан хеле борик ва хатарнок буд. Мо ба охири микрорайон – кӯпруке, ки роҳро ба самти фурудгоҳ мепайваст, расидем. Ногоҳ садои серенаи мошинҳои полис баланд шуд. Мошинҳо яке паси дигар, бо бонги изтироб мегузаштанд. Мо ба якдигар нигоҳ кардем – бехабар аз он ки ҳамон лаҳза як саҳифа аз китоби таърих канда шуда буд:

Аҳмад Зоҳир дигар нест.

Он шаб фаҳмидем, ки мегуфтаанд: ӯ дар садамаи мошин дар ағбаи Саланг ҷон додааст. Аммо қалби Кобул инро намепазируфт. Шаҳр дар андуҳ нишаста буд, хомӯшии сангин бар фазо овезон гашта буд.

Рӯзи дигар эълон карданд, ки ҷанозаи Аҳмад баргузор мешавад. Ҳазорҳо мардону занон, пиру ҷавон рӯи масҷид ва хиёбонҳо рехтанд. Бори аввал дар таърихи Афғонистон буд, ки ҳазорон зан пушти тобути як мард роҳ мерафтанд. Ин танҳо мотами як инсон набуд, мотами як миллат, як ормон, як овоз буд.

Онҳое, ки ҷасадро диданд, гуфтанд:

– Дар тарафи чапи сараш нишони тир буд…

Падараш Абдул Зоҳир, собиқ сарвазири Афғонистон, бо чашмони ашкбор дар ҷаноза гуфт:

– Дар сари писари ман нишони садама не, нишони тир буд.

Ришод Зоҳир, фарзанди Аҳмад Зоҳир, баъдтар нақл кард, ки пас аз ҷаноза масъулони ҳукумат ба хонаашон омада, гуфтаанд:

– Саволҳои зиёдатӣ надиҳед. Ба расонаҳо наравед. Хомӯш бошед.

Ҳама медонистанд: Аҳмад Зоҳирро ба маҳфиле даъват мекунанд, ки ба ифтихори Ҳафизуллоҳ Амин ороста шуда буд. Аммо ӯ иштирок дар он маҳфилро қабул намекунад. Ва ин рад кардан барои диктаторе чун Амин ҷиноят ҳисоб меёфт. Шахсе, ки ҳатто устодаш Нурмуҳаммад Таракиро кушта буд, чӣ гуна метавонист як ҳофизи озодандешро таҳаммул кунад?

Аҳмад Зоҳир овози миллат буд. Садояш муҳаббат, дард, озодӣ, зебоӣ ва нафрати ниҳонӣ ба зулмро бозгӯ мекард. Ва ҳамин буд, ки он овоз ба таҳдиде барои як режими тарсафкани золим табдил ёфт.

Ҳукумати Амин ин фоҷиаро бо як изҳороти кутоҳ баён кард: “Садамаи нақлиётӣ дар нақби Саланг”.

Аммо мардум ин суханро қабул надоштанд. Ба гуфти рӯзноманигорони хориҷӣ ва шоҳидон, мошин ягон осебе надида буд. Ва ҳамин буд, ки ҳама оҳиста-оҳиста ба як ҳақиқат расиданд:

Ин садама набуд, куштор буд.

4-уми июни соли 1979 Аҳмад Зоҳир зодрӯз дошт. Ӯ ба синни 33 расида буд. Ӯро дар рӯзи мавлудаш куштанд.

Шариф Ҳамдампур

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь