“Ман ҳамеша фахр мекардам ва имрӯз низ ифтихор аз он дорам, ки ман озарбойҷонӣ ҳастам” – ин суханони пешвои умумимиллии ҳалқи Озарбойҷон Ҳайдар Алиев, ҳамчун сиёсати хирадмандонаи ӯ аз имтиҳони давру замон бомуваффақият мегузаранд.

12 декабри соли 2021 аз даргузашти арбоби барҷастаи давлатӣ, пешвои миллии мардуми Озарбойҷон 18 сол сипарӣ шуд. Ҳайдар Алиев дар таърихи сиёсӣ ҳамчун созанда ва наҷотдиҳандаи халқи Озарбойҷон, пешвои миллати он, ҷо гирифтааст. Ӯ шахсияти бузурге буд, ки дар сарнавишти таърихии Озарбойҷон, ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии он нақши истисноӣ бозидааст.

Рӯзи гиромидошти хотираи пешвои миллӣ, ҳамеша мавҷи эҳсосоти пур аз сипосро дар рӯҳияи ҳар фард бедор мекунад, зеро дар ҳаёти ҳаркасе, ки қадри шаъну шарафи миллат ва истиқлолияти Ватанро медонад, пайванди ноаёне мегузарад, ки ин марди воқеъан бузургро ба миллионҳо озарбойҷонӣ наздик ва азиз мекунад.

Барои Ҳайдар Алиев Озарбойҷон на танҳо хизмати якумра буд, пешвои миллат ягона имкони воқеии эҳёи рӯҳияи мардумро дар болоравии бунёдкориҳои созанда ҷиҳати офариниши Озарбойҷони соҳибистиқлол медид. Имрӯз Озарбойҷони мустақил майдони муҳими стратегии шарикии судманди иқтисоди байналмиллалӣ, пешқадами эътирофшудаи ҷаҳонӣ дар рушди муносибати фарҳангҳо дар фазои ҷаҳонӣ мебошад.

Хизматҳои бесобиқаи Ҳайдар Алиев дар назди халқу давлаташ саҳифаҳои пуршарафи таърихи Озарбойҷонро ташкил медиҳанд. Умуман, ҳадафи асосии фаъолияти сиёсии пешвои бузурги миллат, ки ба тафаккури зиндагӣ, вақт ва фазо мувофиқат намекард, бунёди давлати озоду соҳибистиқлол буд. Пешвои миллат мехост, ки Озарбойҷонро ба як кишвари тавоно ва эътимодбахш табдил диҳад. Вай дар ин роҳ қадамхои катъӣ гузошт, корҳои амалӣ ба вуҷуд овард, ва ояндаи боэътимоду солими Озарбойҷонро барқарор намуд. Мардум ӯро дӯст медоштанд, ба ақлу хирадмандииӯ баҳои баланд медоданд ва ба пешвои худ ва роҳи сиёсии пешгирифтааш итминон дошта, аз паси ӯ мерафтанд. Дар равандҳое, кидар арафаи барқарорсозии истиқлолияти давлатии Озарбойҷон ҷараён доштанд, Ҳайдар Алиев ҳамчун шахсияти таърихӣ ва пешвои Озарбойҷон гомҳои муҳиме гузошт, ки бешубҳа ба сарнавишти халқи Озарбойҷон таъсири амиқ расониданд. Бесабаб нест, ки тобистони соли 1993, замоне, ки Озарбойҷон дар вазъияти хеле вазнин қарор дошт, мардум ба сари ҳокимият баргаштани пешвои миллиро исрор мекард.

Пешвои муаззам ба таърих хамчун меъмори Озарбойҷони мустақилу муосир ворид шуд. Агар мо роҳи рушди дастовардҳои ин кишварро дар даврони истиқлолият, яъне дар замони роҳбарии пешвои миллии Озарбойҷон дар солҳои 1993-2003 ба назар гирем, Озарбойҷонро метавон ҳамчун ҷазираи субот ба маънои аслии калом номид, зеро он қуллахои хеле муҳимро фатҳ намуда, омили дорои эътибор дар тартиби муносибатҳои байналхалкӣ гардид. Маҳз натиҷаи чунин фаъолият имконе фароҳам овард, ки Озарбойҷони соҳибистиқлол аз соли 1993 ба ин сӯ дилпурона роҳи рушдро пеш гирифта, комёбиҳои бузургро ба даст оварда, иқтидори кишварро боз ҳам таҳким бахшид.

Моњияти роҳбарии миллӣ дар он аст, ки ба миллат роҳи воқеии рушди давлатро пешниҳод намуда, шаҳрвандонро ба зарурати муттаҳидшавӣ барои татбиқи он эътимод кунонад. Роҳи сиёсати пешгирифтаи ин абармард ба муттаҳидсозии ҷомеаи Озарбойҷон равона шуда буд, яъне ба раванди табии кишваре, ки барои барқарор кардани соҳибихтиёрӣ дар қисми заминҳои ишғолшудаи худ мубориза мебурд. Барои Ҳайдар Алиев масъалаи тамомияти арзии давлат на танҳо ҷанбаҳои конститутсионӣ, сиёсӣ ва байналмилалиро дар бар мегирифт, балки масъалаи ахлоқиву худшиносии миллатро низ ифода менамуд. Пешвои миллат Ҳайдар Алиев дар озарбойҷониҳо ҳисси ифтихору шаъну шарафи миллатро тарбия намуд, ва акнун президент Илҳом Алиев онро ба қуллаҳои ғалабаи бузург бардошт.

Бешубха, хар як давлате, ки як пораи қаламрави аслии миллии худро дар зери ишғоли қуввахои беруна дорад, ҳамаи ҷидду ҷахди сиёсии худро барои барқарор намудани тамомияти арзӣ равона мекунад. Пешвои миллї низ ба роњи нави сиёсї дар Озарбойљон асос гузошт, ва аз он замон то ба имрўз ин вазъияти сиёсї мувофиќ, босабот ва пойдор аст. Маҳз ҳамин роҳе, ки пешвои миллат Ҳайдар Алиев асос гузоштааст ва азҷониби Президент Илҳом Алиев равнақ ёфтааст, ба манфиатҳои миллӣ ва ҳадафҳои рушди давлати Озарбойҷон мувофиқ ва ҷавобгӯ аст.

Имрӯз бо шарофати сиёсати фаъолу мулоҳизакоронаи Сарвари давлат Илҳом Алиев ва таҳти назорати шахсии ӯ, барои заминҳои аз ишғоли арманиҳо озодшуда дурнамои васеъ ва кафолати роҳи рушди инноватсионӣ дар раванди барқарорсозӣ боз мешаванд.

Ҳайдар Алиев ҳамчун як инсонибузург дар ҳама ҷабҳаҳо бузургу тавоно буд –чӣ дар ҳиссиёт, афкор ва гуфтору рафтор. Ҳар нафаре, ки Озарбойҷонро дӯст медорад, дар дилу дидаи худ нури дурахшони ин шахсияти бузург, ки ҳисси ифтихорро нисбат ба диёру меҳани худ бедор мекунад, нигоҳ дорад. Чуноне, ки халафи шоистаи пешвои миллат Ҳайдар Алиев, Президент Илҳом Алиев гуфта буд,  мушти оҳанин рамзи ягонагии мост: “Имрӯз халқи Озарбойҷон мисли як мушт гирди ҳам омадаанд! То абад ҳамин тавр хоҳад буд! Ин иттиҳод абадӣ хоҳад буд! Ин ягонагӣ дар оянда низ имкони анҷоми тамоми вазоифро фароҳам хоҳад намуд»!

Рӯзи гиромидошти хотираи пешвои миллӣ, ҳамеша мавҷи эҳсосоти пур аз сипосро дар рӯҳияи ҳар фард бедор мекунад, зеро дар ҳаёти ҳар касе, ки қадри шаъну шарафи миллат ва истиқлолияти Ватанро медонад, пайванди ноаёне мегузарад, ки ин одами ҳақиқатан бузургро ба миллионҳо озарбойҷонӣ наздик ва азиз мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь