Баёнияи муштараки Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо ва Дабири кулли Шӯрои Аврупо
Ҳукми қатл муомила ё ҷазои ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф аст, ки ифодагари инкори ниҳоии шаъну шарафи инсон мебошад.
Ба муносибати Рӯзи аврупоӣ ва умумиҷаҳонии мубориза бо ҳукми қатл, Иттиҳоди Аврупо ва Шӯрои Аврупо ба таври қатъӣ мухолифати худро ба ҳукми қатл ё такроран ҷорӣ кардани он дар ҳама ҳолат ва дар ҳар маврид тасдиқ мекунанд.
Мо аз дастгирии афзоишёбандаи бекор кардани ҳукми қатл дар саросари ҷаҳон истиқбол мекунем. Зиёда аз се ду ҳиссаи тамоми кишварҳо ҳукми қатлро дар қонун ё амалан бекор кардаанд. Соли гузашта шумори кишварҳое, ки ҳукми қатлро иҷро намуданд, ба нишондиҳандаи рекордии пасттарин дар таърихи инсоният расид.
Бо вуҷуди тамоюли лағви ҳукми қатл, дар як қатор кишварҳо он то ҳол иҷро карда мешавад. Дар соли 2023 дар панҷ кишвар, аз ҷумла Чин, Эрон, Арабистони Саудӣ, Сомалӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, шумораи бештари эъдомҳо содир шудаанд. Мутобиқи ҳисоботҳо, 74% қатлҳои сабтшуда танҳо ба Эрон рост меояд. Истифодаи гипоксияи нитроген дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, як усули баҳсбарангези қатл, боиси нигаронии асосӣ аст. Беларус ягона кишвар дар қитъаи Аврупо аст, ки то ҳол ҳукми қатлро иҷро мекунад.
Даъват аз он давлатҳои боқимондаи истифодабарандагони ҳукми қатл мекунем, то мораторийро ҳамчун қадами аввал дар роҳи бекоркунии пурра ҷорӣ намоянд.
Тарафдорони ҳукми қатл аксар вақт далелҳои худро бар он асос мегузоранд, ки он ҷиноятро пешгирӣ мекунад. Бо вуҷуди ин, далелҳо равшан нишон медиҳанд, ки ҳукми қатл ба пешгирӣ ё коҳиш додани ҷиноят таъсири кам ё тамоман надорад. Ҳукми қатл ҷомеаҳоро бехавфтар намекунад. Ғайр аз он, ҷазои қатл хатогиҳои системаи судиро бебозгашт месозад.
Шӯрои Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо ӯҳдадор мешаванд, ки ҳамкориро дар муқобила бо ривоятҳое, ки ба дубора ҷорӣ кардани ҳукми қатл, аз ҷумла дар Аврупо мусоидат мекунанд, тақвият бахшанд ва ба баҳси ошкоро ва демократӣ дар самти лағви пурраи он дар тамоми қисматҳои ҷаҳон мусоидат кунанд. Мо азм дорем, ки тамоми кӯшишҳоро барои баланд бардоштани шаффофият дар мавриди истифодаи ҳукми қатл дастгирӣ кунем ва ҳамкориамонро бо ҷавонон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тақвият бахшем.
Ҳукми қатл ақидаи пасмондаи давраи гузашта аст, ки набояд дар асри 21 ҷой дошта бошад. Айни замон онро бояд барҳам дод.



