Аз 15 то 20 октябр дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои синамои Федератсияи Руссия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Қирғизистон доир мешаванд.
Аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар додаанд, ки 15 октябр дар Душанбе Рӯзи синамои Эрон доир мегардад. Дар доираи он филмҳои ҳунарии «Шаҳсавор», «Ғариза», «Пул дар рӯйи рӯдхонаи хурд», «Ҳикояи кут», «Хусрав 127», «Бешаҳрвандӣ», «Бозии тақдир» ва «Беохир» баргузор мегарданд.
Дар сатҳи баланд баргузор гардидани Рӯзи синамои Эрон ба рушди минбаъдаи синамои миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Он имкон медиҳад, ки лоиҳаҳои нави синамоии муштарак дар соҳаи кинематографияи ду мардуми дӯсту бародар рӯйи кор биёянд. Баргузор гардидани чунин чорабиниҳои синамоӣ байни давлатҳо дӯстию рафоқатро устувор намуда, ҳамкориро дар самти рушди кинои тоҷик мусоид аст.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои кинои Эрон, Қирғизистон ва Руссия дар доираи Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» доир мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь