Аз 17 то 24 декабр дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар барномаи рангини консертӣ таронаю оҳангҳои миллӣ пешниҳод мегарданд.
17 декабр дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Покистон доир гардид.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории мутақобили судманд байни муассисаҳои таълимӣ барои рушди ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар соҳаи фарҳангу санъат, инчунин омода намудани мутахассисони касбӣ ва мубодилаи таҷриба изҳори назар намуданд.
Блоки рекламавӣ



