Зимни баргузории иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаро барои шарҳу тавзеҳ ва ба аҳолӣ фаҳмондани мазмуну моҳияти тағйиру иловаҳои ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, дар самти пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард даъват намуданд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, дар айни замон бо мақсади ҳамлу нақли мусофирон дар шаҳри Душанбе дар маҷмуъ 14 ҳазору 126 нақлиёти истифодаи умуми мусофирбар, аз ҷумла 701 нақлиёти мусофирбари корхонаҳои коммуналӣ, 1210 микроавтобуси бахши хусусӣ ва 12 ҳазору 215 воситаи нақлиёти сабукрави таксӣ дар тавозуни корхонаҳои нақлиётии пойтахт қарор доранд.
Бо мақсади беҳтарнамоии сатҳи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии пойтахт низоми электронии навигатсияи нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ таҷҳизоти «GPS — tracker» ва сенсори баҳисобгирии ҷараёни мусофирон дар 510 автобус ва 103 троллейбус, инчунин дар давраи ҳисоботӣ дар 57 электробус таҷҳизоти мазкур насб карда шуд.

Рустами Эмомалӣ: Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоед!
Блоки рекламавӣ


