Патент боз қимат мешавад. Русия барои муҳоҷирон боҷҳои нав ҷорӣ кард.
Аз якуми сентябр дар Руссия барои муҳоҷирони корӣ боҷи нави давлатӣ ҷорӣ карда мешавад. Бар асоси тағйирот ба Кодеки андози Руссия, минбаъд барои бақайдгирӣ шаҳрвандони хориҷӣ 500 рубл бояд супоранд. То ба имрӯз ин хизматрасонӣ бепул буд. Муҳоҷирони корӣ барои гирифтани патент ва ё дароз кардани муҳлати он, 4 ҳазору 200 рубли иловагӣ бояд супоранд. Дар сурати дароз кардани муҳлати иҷозанома барои кор, ҳамин пулро бояд пардозанд ва агар мехоҳанд нусхаи патент ва ё иҷоза барои кор гиранд, 2 ҳазору 100 рубли дигар боҷи давлатӣ месупоранд. Барои тамдиди муҳлати иқомат дар Руссия, акнун ҳазор рубл супоридан лозим аст.
Блоки рекламавӣ



