“Руссия ният дорад соли 2026 дар Тоҷикистон минтақаи саноатӣ бунёд намояд. Соли оянда дар ин майдончаи саноатӣ аввалин корхонаҳо метавонанд ба фаъолият оғоз кунанд” – хабар додааст Сардори департаменти кооператсияи байналмилалӣ ва иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи савдои хориҷии Вазорати саноати Руссия Дмитрий Кусков:
“Мо ҳоло омодаем бо ширкатҳо ҳамкорӣ кунем ва онҳоро даъват мекунем, ки барои онҳо пойгоҳ созанд”.
Ба навиштаи хабаргузории “Комерсантъ”, созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи таъсиси парки саноатӣ дар қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисони Русия моҳи марти соли равон дар ҷараёни сафари Президент Эмомалӣ Раҳмон дар Маскав ба имзо расида буд. Он вақт ҷонибҳо масъалаи ҷойгиркунии корхонаҳои саноати сабук ва кимиёвӣ, мошинсозӣ дар ин иншоотро баррасӣ намуданд.
Фикри бунёди минтақаи саноатии Руссия дар Душанбе моҳи апрели соли 2023, вақте ки ҳайати ҳукумати Руссия дар ҷумҳурӣ меҳмон буд, садо дод. Аз ҷумла, ташаббусро вазири саноат Денис Мантуров дастгирӣ кард ва ширкати “Химград” изҳори омодагӣ кард, ки лоиҳаро амалӣ созад. Баъдтар мансабдорони Руссия изҳор доштанд, ки майдончаи боғи саноатӣ аллакай интихоб шудааст. Иншоот дар маркази пойтахти Тоҷикистон ҷойгир хоҳад шуд. Қайд гардид, ки пеш аз ҳама, лоиҳакашон корхонаҳои кӯҳнаро диданд, ки дар онҳо биноҳои истеҳсолӣ ва инфрасохтори барои навсозӣ мувофиқ, нигоҳ дошта шудаанд.
Моҳи июли соли равон расонаҳо хабар доданд, ки Вазорати саноати Руссия аллакай ба сохтани ин иншоот дар ҳудуди корхонаи собиқи “Коргоҳи машинасозӣ” бо масоҳати 9,3 гектар шурӯъ кардаанд. Хабар дода шуд, ки самтҳои афзалиятнок мошинсозӣ, саноати сабук, соҳаи кимиё, истеҳсоли таҷҳизоти тиббӣ ва электротехникӣ хоҳанд буд. Дар байни бартариятҳои парки саноатӣ дастрасии нақлиетӣ, инфрасохтори мутамарказ ва мавҷуд будани захираҳои меҳнатӣ таъкид карда шуданд.

Руссия нақшаи бунёди минтақаи саноатиро дар Тоҷикистон эълон кард
Блоки рекламавӣ


