Ин тасмим барои боздоштани Исроил гирифта шудааст. Ҳукумати Сурия аз Русия хоҳиш кардааст, ки посбонии низомиро дар вилоятҳои ҷанубии кишвар аз сар гирад. Дар ин бора “Коммерсантъ” бо истинод ба манбаъҳое, ки дар музокироти Вазорати корҳои хориҷии Сурия дар Маскав иштирок кардаанд, хабар медиҳад.
Иқдом барои боздоштани Исроил, ки як қисми ноҳияҳои ҷанубии Сурияро дар моҳи декабри соли 2024 бо баҳонаи таъсиси “минтақаи буферӣ”ишғол кардааст, равона шудааст. Ба ақидаи Димишқ, ҳузури Руссия шиддати амалиети Исроилро коҳиш медиҳад. Тасмими бозгашти Руссия ба шимолу шарқ дар ноҳияи Ал-Камишлӣ пас аз сафари вазири корҳои хориҷии Сурия гирифта шудааст.”Русия қодир аст, ки Ба Дахолати Исроил монеъ шавад ва ҳамзамон муколамаи Димишқро бо Тель-Авив ҳал кунад”, — таъкид мекунад манбаъ. Дар Исроил гуфтаанд, ки бозгашти эҳтимолии низомиёнро бо назардошти созишномаҳо бо Маскав арзёбӣ мекунанд. Коршиносон хотиррасон мекунанд: пеш аз тағйири қудрат дар Сурия, патрулҳои Русия гурӯҳҳои тарафдори Эронро боздошт мекарданд, ки ин қисман бо манфиатҳои Исроил мувофиқат мекард. Тел-Авив қаблан ҷонибдори нигоҳ доштани пойгоҳҳои Русия дар Тартус ва Латакия ба хотири нигоҳ доштани мувозинат бо туркҳо буд. Моҳи июл Муовини Вазири корҳои хориҷии Руссия Сергей Вершинин изҳор дошта буд, ки робитаҳои Русия ва Сурия дар ин кишвар идома доранд.