Дар вилояти Ленингради Руссия19 нафар дар паи нӯшидани арақи бесифат ҳалок шудаанд.
Ба навиштаи хабаргузории ТАСС, чанд каси дигар дар беморхона ҳастанд. Нашрияи “База” бо такя ба манбаъҳои худ навиштааст, ки ҳамаи онҳо машруботи дорои спиртро дар деҳаи “Гостинитси” – и ноҳияи Слантсево нӯшидаанд. Як сокини маҳаллӣ бо гумони фурӯши ин маводи бесифат ҳабс шудааст.
Дар Руссия солҳои охир чандин ҳодисаи заҳролудшавии гурӯҳӣ дар натиҷаи истеъмоли арақи дастӣ ба қайд гирифта шудааст, чун сабабаш ба машрубот омехта кардани спирти метил аст.
Чанд рӯз пеш дар Русия додгоҳе аз рӯи қазияи заҳролудшавӣ бо нӯшокии “Мистер Сидр” ҳукм содир кард. Баъди нӯшидани ин машрубот соли 2023 дар вилояти Самара 50 нафар ҳалок шуданд. Соли 2016 дар натиҷаи заҳролудшавӣ бо “Боярышник” 76 нафар аз дунё гузашта буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь