Кремл рӯзи 12-уми феврал эълом кард, ки WhatsApp-ро дар Русия пурра баста, дастрасиро ба маъмултарин барномаи паёмнависии ин кишвар барои миллионҳо корбар қатъ кардааст.
Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков гуфт, барномаи паёмнависии амрикоӣ, ки ба ширкати Meta тааллуқ дорад, намехоҳад қонунҳои Русияро риоя кунад ва ба сокинони Русия пешниҳод кард, ки аз паёмрасони давлатии ин кишвар бо номи “МАX” истифода баранд. Мунтақидон ин паёмрасонро як воситаи назорат ном мебаранд. Мақомоти Русия инро рад мекунанд.
Бастани WhatsApp авҷи фишори шашмоҳа ба Мета аст, ки аллакай дар Русия созмони ифротӣ эълон шудааст. Ин кӯшиши густардаи Кремл барои эҷод ва назорати зерсохтори мухобиротиро нишон медиҳад, ки дар он ширкатҳои хориҷӣ ба қонунҳои маҳаллӣ итоат мекунанд ё аз байн бурда мешаванд.
Мета дар изҳороте гуфтааст, ки дар Русия 100 миллион корбар дорад. Ширкат ин иқдомро “қадаме ба ақиб” номид, ки “ба амнияти мардуми Русия зарба мезанад”.
Акнун корбарон дар дохили Русия метавонанд танҳо бо истифода аз барномаҳои филтршикан ё VPN ба WhatsApp дастрасӣ ёбанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь