Рӯзи 1-уми декабр дар Хонаи Русия дар шаҳри Душанбе муаррифии асари тасвирии «Русия ва Осиёи Марказӣ: таърих ва фарҳанг», ки ба ташаббуси Намояндагии «Россотрудничество» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашр гардидааст, баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ хонандагони мактабҳои шаҳри Душанбе, омӯзгорони фанҳои гуманитарӣ, инчунин, таърихнигорону фарҳангшиносон иштирок намуданд.
Чорабиниро сармутахассис ва коршиноси Намояндагии Россотрудничество дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ксения Молокова ифтитоҳ кард. Ӯ дар суханронии ифтитоҳии худ оид ба мундариҷаву муҳтаво ва аҳамияти ин асар сухан намуд:
«Асари “Русия ва Осиёи Марказӣ: таърих ва фарҳанг” сохтори бениҳоят ҷолиб дорад. Саҳифаҳои он номи олимон, нависандагон, рассомон ва шахсиятҳои барҷастаи ҷамъиятиро дар бар мегиранд, ки бо андеша ва фаъолияти худ ба рушди Осиёи Марказӣ ва Русия ҳиссаи назаррас гузоштаанд. Ман итминон дорам, ки чорабинии имрӯза ба мо имкон медиҳад равандҳои таърихии муттаҳидкунандаи халқҳои моро амиқтар дарк намоем ва дурнамои ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангиро дар ҷаҳони муосир баррасӣ кунем».
Дар чорабинӣ ҳамчунин, Даря Сапринская, корманди илмии Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти муосири Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия ва коршиноси «Клуби Валдай» иштирок намуд. Вай ба зарурати чунин маводҳои таълимӣ таъкид карда, аз ҷумла чунин гуфт:
«Ин гуна маводҳо имрӯз бисёр муҳиманд, зеро онҳо холигии маводи таълимӣ ва илмиро дар бораи таърихи минтақа пур мекунанд. Китобҳои дарсии Осиёи Марказӣ аксар вақт ба ҷанбаҳои мусбати робитаҳои таърихии кишварҳо таваҷҷуҳи кофӣ намедиҳанд».
Ба гуфтаи ӯ, пешниҳоди маълумот дар қолаби дастрас, бо забони сода ва ҳамроҳ бо тасвирҳои рангоранг, ба хонандагон имкон медиҳад, ки ба воқеияти таърихӣ наздиктар шаванд ва робитаҳои фарҳангиву сиёсиро беҳтар дарк кунанд.
Коршиносон мундариҷаи китобро муҳокима намуда, формати визуалии онро яке аз афзалиятҳои асосӣ хонданд. Китоб ҳамчун «хронологияи тасвирӣ» омода шудааст, ки рӯйдодҳои муҳимро тавассути расмҳо ва шарҳҳои кӯтоҳ ба таври равшан инъикос мекунад. Дар китоб ҳамаи чорабиниҳое, ки бо иштироки Русия ва дар ҷараёни таҳаввули таърихии Тоҷикистон нақш доранд, бозтоб ёфтаанд.
Ин китоб нахустин қисмат аз силсилаи лоиҳаҳои Россотрудничество мебошад, ки ба 100-солагии дипломатияи ҷамъиятӣ бахшида шудааст.
Нусхаҳои китоб, ки ба хонаҳои Русия дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа тақдим мегарданд, дар намоишгоҳҳо ҷой дода мешаванд ва барои баргузории чорабиниҳои таълимиву маърифатӣ мавриди истифода қарор мегиранд.
Нашри асар ҷузъи лоиҳаи «Русия бо шумо» гуфта мешавад, ки аз ҷониби Россотрудничество амалӣ гардида, ҳадафи он тақвияти мубодилаи дониш бо аудиторияи байналмилалӣ, дастгирии ташаббусҳои башардӯстона, таълимӣ ва фарҳангии Федератсияи Русия дар хориҷа аст.



