Русия қоидаи дар қаламрави худ на бештар аз 90 рӯз дар як сол бе бақайдгирии ронандагон аз Қазоқистонро бекор кард. Дар ин бора дар саҳифаи Фесбукии худ вакили Маҷлиси палатаи поёнии Парлумони Қазоқистон Болатбек Наҷметдинулӣ (Алиев) хабар додааст: “Ҳукумати мо тавассути каналҳои оперативӣ бо ҳамкасбони худ дар Федератсияи Руссия тамос гирифт ва тасмим гирифта шуд, ки шаби гузашта маҳдудиятҳои нави муҳоҷиратро ба ронандагони ҳамлу нақли байналмилалии бор ва мусофирон татбиқ накунанд” гуфт ӯ.
Рӯзи гузашта маълум шуд, ки Қазоқистон ба комиссияи иқтисодии Авруосиё (ЕЭК) бо сабаби бандшавии марз бо Руссия ва шикояти ронандагон аз меъёрҳои нави қонунгузории муҳоҷирати Руссия муроҷиат кардааст. Остона пешниҳод кардааст, ки вазъияти ба вуҷуд омадаро монеае эътироф кунад, ки ба тиҷорати хориҷӣ мушкил эҷод мекунад.
Тибқи қоидаҳое, ки моҳи январ эътибор пайдо карданд, шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд дар қаламрави Руссия бидуни бақайдгирӣ на бештар аз 90 рӯз дар давоми соли тақвимӣ, новобаста аз шумораи вуруд ва баромад (то ин вақт 180 рӯз буд) бошанд. Болатбек Наҷметдинулӣ қаблан аз шикоятҳои зиёди ронандагони қазоқ дар бораи ин маҳдудият изҳори назар карда буд.
Аксари онҳо аллакай лимити будубош дар Руссияро буд кардаанд ва маҷбур мешаванд, ки оғози соли навро интизор шаванд, то дубора ба сафар бароянд. Онҳое, ки аз ҳадди муқарраршудаи 90 рӯз зиёд дар Руссия буданд, боздошт шуданд ва дар бораи зарурати тарки кишвар огоҳинома гирифтанд, қайд кард вакил.
Вазъиятро бандшавии борҳои калон дар марзи ду давлат бадтар карда буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь