Президенти Русия Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки ҷустуҷӯи амалии маводи экстремистӣ дар интернетро, аз ҷумла бо истифодаи VPN, ҷавобгар меҳисобад.

Ин қонун аз 1 сентябри соли 2025 фаъол гардида, ҷустуҷӯи мақсадноки маводҳои экстремистӣ 3 то 5 ҳазор рубл ҷарима дорад. Барои вайрон кардани қоида бо истифода аз VPN бошад, шахсони оддӣ 50-80 ҳазор рубл, кормандони давлатӣ 80-150 ҳазор рубл, ширкатҳо (қонунӣ) 200-500 ҳазор рубл ҷарима мешаванд. Агар VPN барои ҷиноят истифода шавад, ин вазъиятро вазнин меҳкунад.

Вазири рушди рақамӣ, коммуникатсия ва васоити ахбори оммаи Федератсияи Русия Максут Шадаев таъкид кард, истифодабарандагони одӣ, ки мақсаднок маводҳои манъшударо намеҷӯянд, аз ин қонун ҳимоя мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳар як ҳолат бояд мақсаднокии амал ва огоҳии аз экстремистӣ будани мавод исбот шавад. Гуфта мешавад, ки ин қонун асосан барои пешгирии истифодаи интернет барои фаъолияти ғайриқонунӣ таҳия шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь