Аз якуми сентябри соли 2025 боҷи марбут ба сабти ном ва сабти муҳоҷират тағйир меёбад, гуфтааст узви Комиссияи Палатаи ҷамъиятии Русия оид ба экспертизаи ҷамъиятии лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Евгений Машаровба ОИР Новости.

“Аз 1 сентябр боҷҳои нави давлатӣ ҷорӣ мешаванд, аз ҷумла: барои бақайдгирии шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ба истиснои иштирокчиёни озмоиши ҷорӣ намудани механизмҳои иловагии бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ – 500 рубл. Дар айни замон ин хидмат дар Русия ройгон аст”, – гуфтааст Машаров. Акнун барои тамдиди муҳлати иҷозаи кор ва патент 4200 рубл ситонида мешавад, барои додани иҷозатномаҳои такрорӣ барои ҷалби коргарони хориҷӣ бошад, 2100 рубл. Барои ба қайд гирифтани шаҳрванди хориҷӣ 1000 рубл муқаррар шудааст, то кунун ин боҷ – 420 рубл буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь