Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки дар шаш моҳи соли равон зиёда аз 57 миллион сомонӣ маблағ ба манфиати модару кӯдак ситонида шудааст
Дар шаш моҳи соли равон ба Хадамоти иҷро 5 ҳазору 816 истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани маблағи алимент ворид гардид. Дар ин хусус сардори Хадамоти иҷрои Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. менависад “Спутник”.
Ба гуфтаи вай, аз солҳои пешин дар маҷмуъ 102 ҳазору 845 ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситонидани маблағи алимент дар баррасии иҷрочиён мавриди иҷро қарор дорад.”Зиёда аз 57 миллиону 329 ҳазору 590 сомонӣ аз ҷониби иҷрочиён ба манфиати модару кӯдак ситонида шуд, ки назар ба ҳамин давраи сипаришуда 35 миллиону 904 ҳазору 75 сомонӣ зиёд мебошад”, – гуфт ӯ. Ҳамчунин Аҳтам Абдуллозода илова кард, ки дар шаш моҳи соли равон 1 ҳазору 308 шахси воқеӣ ва 10 шахси ҳуқуқӣ ба Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ё ба қавле “рӯйхати сиёҳ”-и Хадамоти иҷро ворид карда шуданд. Бояд гуфт, ки шахсоне, ки ба ин рӯйхат ворид мешаванд, то қарзро пардохт накунанд наметавонанд кишварро тарк кунанд.Дар умум бошад, ба ҳолати имрӯз теъдоди онҳое, ки ҳаққи тарки кишварро надоранд ба 2 ҳазору 910 нафар расидааст.
Ёдовар мешавем, ки ба ин феҳрист қарздороне дохил мешаванд, ки тибқи қарорҳои додгоҳ бояд маблағи қарзро пардохт кунанд. Ҳадафи он ба таври иҷборӣ ситонидани қарзҳое аст, ки тибқи санади судӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муваззаф шудаанд.
Барои мисол агар онҳо давоми ду моҳ алимент пардохт накунанд, ба ин рӯйхат шомил мешаванд ва аз ҳаққи тарки Тоҷикистон маҳрум мегарданд.
Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин хабар дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба Хадамоти иҷро 239 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои гуногуни ба истеҳсолоти иҷро алоқаманд ворид гардидааст.
Қайд карда шуд, ки ҳамаи муроҷиатҳо тибқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.