“Якуми сентябр, дар Рӯзи дониш гурӯҳи корӣ бо анҷоми сохтмони муассисаи томактабии «Ёсуман»-и ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ гуфтаанд.
Муассиса бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ бо истифода аз усулҳои муосир ва риояи стандартҳои баланд сохта шуда, барои таълиму тарбияи 240 кӯдак дар 8 гурӯҳ пешбинӣ гардидааст. Бино бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардида, барои истифода пурра омода аст.
Бинои муассиса дорои чор ошёна буда, бо синфхонаҳои таълимӣ, майдончаҳои варзишӣ ва таҷҳизоти муосири таълимӣ таъмин гардидааст. Ба таълиму тарбияи кӯдакон 16 мураббия ва шумораи зарурии кормандони техникӣ ҷалб шудаанд.
Блоки рекламавӣ



